7 34063, ш. Душанбе, ҶТ , кӯч. Айни 299/3
(+992 37) 2 25-80-91
info@innovationan.tj

Натиҷаҳои илмӣ

Муассисаи давлатии илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чанд соли охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Дар қатори натиҷаҳои муҳими илмӣ инчунин таҷҳизотҳои истеҳсолии нимсаноатӣ ва маводҳои нав коркард ва истеҳсол карда шуданд.

Ғӯлаи алюминии тозагиаш хос (1) ва хӯлаи алюминий- силитсий (2), ки 0,9-1,1%-и вазнӣ силитсий дорад.

Ҳадафҳои шакли давра (1) ва эллипс дошта (2) аз хӯлаи алюминии тозагиаш хос бо силитсий.

Ҳадафҳои шакли давра ва эллипс дошта аз хӯлаи алюминии тозагиаш хос бо силитсий дар микроэлектроника ва дандонпизишкӣ васеъ истифода мешаванд.

Исбот шудааст, ки истифодаи алюминии тозагиаш хос (99,9999%) ва хӯлаҳои коркардшудаи он бо миқдори камтарини компонентҳои газмонанд ва газҳосилкунанда дар микроэлектроника талафотро дар транзисторҳо 5 маротиба, дар диодҳои Шоттки 3 маротиба кам мекунад.

Таҳқиқотҳои навтарин нишон доданд, ки муқовимати алюминии тозагиаш хоси коркардшуда ба коррозия нисбат ба алюминии тозагиаш техникӣ 200 маротиба баланд аст.

Дастгоҳи барои шустани тилло коркардшуда барои муайян намудани самаранокаш дар марҳилаи санҷиш қарор дорад.

Дастгоҳ барои шустани тилло

Коркарди дастгоҳ барои орд кардани ашёи хом, элак ва реактор имкон дод, ки хати технологии истеҳсоли хокаи суперфосфат ба роҳ монда ва зиёда аз 120кг хокаи суперфосфат ҳосил карда шавад.

Намунаи таҷрибавии дастгоҳ барои орд кардани ашёи хом

Реактор барои истеҳсоли хокаи суперфосфати оддӣ

Намунаи таҷрибавии дастгоҳ барои орд кардани ашёи хом

Аз хӯлаҳои алюминии дуйумдараҷа дастқаппакҳо (1), дастқаппакҳо барои дарҳои долонӣ(2) ва дастқаппакҳо барои дарҳои ҳуҷравӣ(3), тайёр карда шудаанд, ки онҳоро дар КВД «Роҳи оҳани тоҷик» истифода бурдан мумкин аст.

Таркиби хӯла дар асоси алюминий барои ҳосил намудани ҷараёнқабулкунакҳо коркард шуда истеҳсоли нимсаноатии он ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ба роҳ монда шуд. Таркиби хула бо патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дифо шудааст.

Ҷараёнқабулкунак барои трооллейбусҳо

Дастгоҳи дуконтураи обгармкунаки офтобии самаранокиаш баланд, ки 95%-и қисмҳои конструксиониаш аз алюминии аввалия сохта шудааст. Бартарии ин дастгоҳ дар 3 маротиба сабук будани вазни он нисбат ба дастгоҳҳои пулодӣ ва осон будани интиқоли он мебошад. Дастгоҳ бо патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дифо шудааст.

Дастгоҳи дуконтураи обгармкунаки офтобӣ

Асосҳои физикӣ-химиявии технологияи истеҳсоли маснуоти рехтагарии сангӣ аз рӯхом коркард шудааст. Намунаҳои таҷрибавии онҳо дар намуди тахтачасанг (1) ва қубур (2) ҳосил карда шудаанд, ки дар саноати металлургӣ ва коркарди маъдан васеъ истифода мешаванд. Инчунин истифодаи маводҳо дар соҳаи коммунали дар назар аст. Бартарии мавод дар он аст, ки ба тамоми муҳити зиёновар устувор буда муҳлати истифодаашон на кам аз сад сол мебошад.

Намунаҳои таҷрибавтии маҳсулот аз рухом

Таҷҳизот барои истеҳсоли равғани растани бо усули фишурдани хунук коркард шуд, ки бартарии он дар вайрон нашудани сохтори витаминҳо.

Таҷҳизот барои истеҳсоли равғани растани бо усули фишурдани хунук

Дар доираи пешгирӣ аз бемориҳои сирояти кормандони муассиса хатти технологии истеҳсоли гипохлорити натрий ташкил карда шуда дар давраи хуруҷи бемории COVID-19 зиёда аз 50 тонна маҳсулот истеҳсол карда шуда ба вазорату, ташкилотҳо ва беморхонаҳо ройгон дода шуд.

Хатти технологии истеҳсоли гипохлорити натрий

Таркиби хӯлаҳои нав дар асоси алюминий ва сурб, ки бо патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз шудаанд барои таъмири насосҳои обкашии амудӣ ва руйпушкардани ноқилҳо пешниҳод карда шудааанд.
Муассиса ба Неругоҳи барқи обии Норак, КВД Ширкати алюминии тоҷик, КВД “Обу корези Душанбе”, ККВД Раёсати троллейбусҳои ш. Душанбе хизматрасониҳои илмӣ-техникӣ пешкаш намудааст.