АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ИЛМИИ МАРКАЗИ ТАҲҚИҚОТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ
Муассисаи давлатии илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (МТТИН АМИТ) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №270, ва қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 17 июли соли 2017 таъсис дода шудааст.
Директор д.и.т., дотсент Эшов Бахтиёр Бадалович (2014 то инҷониб)
Самтҳои асосии фаъолияти Марказ:
Вазифаҳои асосии Марказ:
коркарди технологияҳои инноватсионии истеҳсоли маводҳо ва таҷҳизотҳои нав;
робототехника, технологияҳои электронӣ, телекоммуникатсия, ва моделсозии компютерӣ;
роҳҳои истифодабарии маводҳои биологӣ барои безараргардонии партовҳои пластикӣ;
ҳуҷайраҳои бунёдӣ барои биотрансплантатсия;
омӯзиши растаниҳои шифобахши дорои хосияти баланди зидимикробӣ;
муайян кардани миҷози растаниҳои шифобахш;
ояндабинии тиҷоратигардонии технологияҳои инноватсионӣ;
татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар саноат.
гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ ҳамчун асос барои рушди фаъолият дар самти коркард ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ;
мусоидат ба ҳамкории илмию техникии байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни технологияҳо;
тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар самти техникаю технологияи инноватсионӣ;
таҳкими алоқаҳои байни илм ва истеҳсолот ба мақсади амалисозии технологияҳои инноватсионии коркардшуда ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;
хизматрасониҳои таълимӣ дар самти омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ;
хизматрасониҳои илмию техникӣ ба корхонаҳое, ки маҳсулоти инноватсионӣ коркард ва истеҳсол мекунанд;
ҷустуҷӯ, захира ва систематизатсияи маълумот оид ба инноватсия дар самтҳои гуногуни илм ва истеҳсолот дар дохили мамлакат ва берун аз он, баҳогузории рақобатпазирии онҳо дар бозори дохила ва беруна, муайян намудани коркардкунандагон ва истифодабарандагони технологияҳои инноватсионӣ.
Дар асоси самтҳои муайянгардида сохтори Марказ таҳия шудааст, ки ба он озмоишгоҳҳои зерин дохил мешаванд:
Маводшиносӣ;
Маркетинг ва ояндабинӣ;
Технологияҳои компютерӣ;
Шуъбаи фарматсевтикаи инноватсионӣ ва пизишкӣ-таҷрибавӣ:
-Озмоишгоҳи илмҳои биологӣ;
-Озмоишгоҳи биотехнология;
Қитъаи таҷрибавии – технологӣ.
Дар таркиби МТТИН АМИТ инчунин қитъаҳои рехтагарӣ, васлкунии механикӣ, васлкунии электрикӣ ва таҷрибавӣ-технологӣ фаъолият мекунанд. Марказ дорои китобхонаи илмӣ-техникӣ мебошад.
Дар Марказ Шӯрои илмӣ-техникӣ ҳамчун органи роҳбарикунанда дар ҳайати 15 нафар фаъолият мекунад. Дар Марказ 3 нафар докторони илм, ки аз онҳо 1 нафар академик ва 1 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 10 нафар номзадҳои илм ва 30 нафар кормандони илмии беунвон, 4 муҳандиси дорои тахассуси баланди касбӣ ва дигарон фаъолият мекунанд. Зиёда аз 50% кормандонро ҷавонони то синни 35 сола ташкил медиҳанд.