7 34063, ш. Душанбе, ҶТ , кӯч. Айни 299/3
(+992 37) 2 25-80-91
info@innovationan.tj

Озмоишгоҳи маводшиносӣ

Озмоишгоҳи маводшиносӣ омӯзиши хосиятҳои физикавию химиявии алюминии тозагиаш гуногун ва хӯлаҳои онро доираи фаъолияти худ қарор дода якчанд дастоварҳои муҳими илмро ба даст оварданд.

Самти асосии таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ, ки ба омӯзиши хосиятҳои физикавӣ-кимиёвии металҳо ва хӯлаҳои онҳо, ашёи минералии маҳаллӣ ва дигар маводҳо алоқамандӣ доранд. Фаъолияти конструкторӣ, санҷишӣ, таҷрибавӣ ва истеҳсолӣ, ки ба тайёр намудани таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳо, маснуот ва маводҳои ниёзи мардум дар асоси металҳои сиёҳ, ранга ва хӯлаҳои онҳо алоқамандӣ доранд. Коркарди технологияҳои инноватсионии истеҳсоли мавод ва таҷҳизоти нав.

Дастовардҳои илмиии озмоишгоҳ вобастагии ҳароратии гармиғунҷоиши хос ва коэффитсиенти гармидиҳӣ, инчунин функсияҳои термодинамикии хӯлаҳои системаҳои Pb-Ca,Sr,Ba омӯхта шуда. нишон дода шудаст, ки бо зиёдшавии ҳарорат гармиғунҷоиши металҳои ишқорзаминӣ (МИЗ) баланд мешавад. Дар вақти гузаштан аз калтсий ба стронсий ва барий бо зиёдшавии қабатҳои электронӣ ва мутаносибан миқдори электронҳо нишондоди гармиғӯнҷоиш кам мешавад. Ҳамин қонуният барои сурб ва хӯлаҳои он бо металҳои ишқорзаминӣ низ дида мешавад, зеро бо баланд шудани ҳарорат гармиғунҷоиш низ зиёд мешавад. Дар вобастагӣ ба консентратсияи МИЗ ҳангоми зиёд шадани миқдори МИЗ гармиғунҷоиш зиёд мешавад, вале дар хӯлаҳо ҳангоми гузариш аз калсий ба барий камшавии гармиғунҷоиш дида мешавад, ки бо нишондодҳои металҳои ишқорзаминии тоза мувофиқат мекунад. Бо болоравии ҳарорат нишондодҳои энталпия ва энтропия зиёд шуда , энергияи Гиббс барои хӯлаҳои системаҳои Pb-Ca(Sr, Ba) паст мешавад, ки ба замшавии ҳолати бисёрфазагӣ ҳангоми ҷавҳаронидани сурб бо металҳои ишқорзамини вобастагӣ дорад. Ҳамчунин хосиятҳои зикргардидаи хӯлаҳои бисёркомпонентаи сурб бо қурғошим, бериллий, мис, иттербий, висмут ва ғайра омӯхта шуданд. Қонуниятҳои оксидшавии хӯлаҳои системаи сурб бо калтсий ба стронсий ва барий муайян карда шудаанд, ки чунин хулосабарорӣ мешаванд: бо баланд шудани ҳарорат суръати оксидшавӣ зиёд мешавад, ва раванди оксидшавӣ ба мушкилоти раванди диффузиони дар пардаҳои оксиди вобастагӣ дорад. Бо усули нимэмпирӣ ҳарорати обшавӣ ва энталпияи обшавии интерметаллидҳои таркибҳои Pb4Ln5 и Pb2Ln (Ln –La, Ce, Pr, Nd, Pm, Sm, Eu, Gd, Tb, Dy, Ho, Er, Tm, Yb, Lu) ҳисобкарда шуда, қонуниятҳои тағирёбии онҳо дар доираи қатори лантаноидҳо муайян карда шудааст. Натиҷаҳои пурраи ба даст омада оиди харорат ва энталпияи гудозиши интерметаллидҳои (ИМ) системаҳои Pb-Ln-ҳои таркиби Pb3Ln, Pb2Ln и Pb4Ln3 имкон доданд, ки қонуниятҳои тағирёбии ин хосиятҳои ИМ дар вобастагӣ аз табиати лантаноидҳо муайян карда шаванд. Муайян карда шуд, ки ин қонуниятҳо характери мураккаб дошта дар онҳо зуҳуроти маълуми «тетрад-эффект» дида мешавад. Аз қонунияти умумӣ баромадани европий и иттербий ба сохти электронии онхо вобастаги дорад. Маълумотҳои ба даст омада оиди хосиятҳои термохимиявии интерметаллидҳо бонки тафсифи термодинамикии пайвастагиҳои химиявиро пурра мегардонанд. Бо омӯзиши таъсири иловаҳои металҳои ишкорзаминӣ ба рафтори анодии хӯлаи ССуЗ (Pb+3%-и вазнӣ Sb) дар муҳити маҳлули NaCl-и консентратсиаш гуногун муайян карда шуд, ки байни болоравиии устуворӣ ва тағирёбии сохти хӯла коррелятсияи муайяне вуҷуд дорад, ки фаҳмишро оиди роли таъсиркунандаи метали ҷавҳар тасдиқ месозад.

Кормандони озмоишгоҳи «Маводшиносӣ» 2 лоиҳаи илмиро коркард карда зиёда аз 3 монография, 2 дастурамал корӣ, 60 мақолаҳои илмӣ 100 маводи конфронс ба нашр расонида 10 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Натиҷаҳои ба дастомада дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Федертсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидаанд:

1. Ганиев И.Н., Норова М.Т., Эшов Б.Б., Иброхимов Н.Ф., Иброхимов С.Ж. /Влияние добавок скандия на температурную зависимость теплоёмкости и изменений термодинамических функций алюминиево-магниевых сплавов. //Физика Металлов и Металловедение. 2020. Т. 121. № 1. С. 25-31.

2. Ganiev I.N., Norova M.T., Eshov B.B., Ibrokhimov N.F., Ibrokhimov S.Zh. /Effect of Scandium Additions on the Temperature Dependences of the Heat Capacity and Thermodynamic Functions of Aluminum–Manganese Alloys. // Physics of Metals and Metallography. 2020. Vol. 121. No. 1. pp. 21–27.

3. Наврузов Х.П.,Ганиев И.Н.,Эшов Б.Б.,Муллоева Н.М. /Кинетика окисления сплавов системы Pb-Cd, в твердом состоянии кислородом газовой фазы //Вестник Казанского технологического университета. 2020. Т. 23. № 2. С. 59-63.

Таркиби хӯлаҳои нави коркардшуда бо патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дифо шудаанд.

Муллоева Нуқра Мазабшоевна Мудири озмоишгоҳ номзади илмхои кимиё, ходими калони илмӣ

Соли 2010 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2013 аспирантураи рузонаи Институти химияи ба номи В.И. Никитинро хатм намуда соли 2016 рисолаи номзадиро дар мавзуи “Хосиятҳои физикӣ-химиявӣ хӯлаҳои сурб бо металлҳои ишқорзаминӣ” дифо намуд. Аз соли 2010 то 2019 дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ дар МДИ “Маркази таҳқиқоти техноологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоқикистон” кору фаолият намудааст. Аз соли 2019 то айни ҳол дар вазифаи мудири озмишгоҳ фаъолият дорад.

Кормандони озмоишгоҳ: н.и.т., ходими калони илмӣ Холов Х.И., ходими илмӣ Оқилов Ш.Ш., ходими калони илмӣ Худойбердизода С.У., ходими калони илмӣ Якубов У.Ш., ходими илмӣ Маҳмудзода М., ходими пешбари илмӣ н.и.т., Ҷайлоев Ҷ., ходими хурди илмӣ Раҳматуллоева Г.