7 34063, ш. Душанбе, ҶТ , кӯч. Айни 299/3
(+992 37) 2 25-80-91
info@innovationan.tj

Муассисаи давлатии илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муассисаи давлатии илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №270 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июли соли 2017 таъсис дода шудааст.

Ба сохтори Марказ озмоишгоҳҳои зерин дохил мешаванд:

Маводшиносӣ

Маркетинг ва ояндабинӣ
(Илмҳои биологӣ ва биотехнологӣ)

Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ

Шуъбаи фармасевтикаи инноватсионӣ ва пизишки таҷрибавӣ

Қитъаи таҷрибавии технологӣ

Самтҳои фаъолияти Марказ:

 коркарди технологияҳои инноватсионии истеҳсоли мавод ва таҷҳизоти нав;
 технологияҳои электронӣ ва моделсозии компютерӣ;
 хизматрасониҳои таълимӣ дар самти омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ.
 биотехнология, ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва микробиология;
 технологияҳои инноватсионии дорушиносӣ, дорусозӣ ва пизишкӣ;
 мониторинг, маркетинг, тиҷоратигардонӣ ва ояндабинии татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти ватанӣ;
 ташкили гуруҳҳои истеҳсолӣ аз рӯи натиҷаҳои илмии анҷомёфта.

Вобаста ба ин самтҳо вазифаҳои асосии Марказ инҳоанд:

 гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ ҳамчун асос барои рушди фаъолият дар самти коркард ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ;
 ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ ва технологӣ тариқи маблағгузорӣ дар самтҳои муайянгардида;
 мусоидат ба ҳамкории илмию техникии байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳо;
 таҳкими робитаҳо бо соҳаи маориф, иштирок дар фаъолияти таҳсилотӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар самти техникию технологӣ;
 ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои ташкилотҳои академӣ бо муассисаҳои илмию таҳкиқотии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи технологияҳо;
 таҳкими алоқаҳои байни илм ва истеҳсолот ба мақсади амалисозии технологияҳои инноватсионии коркардшуда ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ;
 таҳияи барномаҳо ва таълифи воситаҳои таълимӣ оид ба технологияҳои инноватсионӣ;
 хизматрасониҳои таълимӣ дар самти омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллӣ.
 хизматрасониҳои илмию техникӣ ба корхонаҳое, ки маҳсулоти инноватсионӣ коркард ва истеҳсол мекунанд;
 ҷустуҷӯ, захира ва систематизатсияи маълумот оид ба инноватсия дар самтҳои гуногуни илм ва истеҳсолот дар дохили мамлакат ва берун аз он, баҳогузории рақобатпазирии онҳо дар бозори дохила ва беруна, муайян намудани коркардкунандагон ва истифодабарандагони технологияҳои инноватсионӣ.

Марказ бо институтҳои зерини ватанӣ ва хориҷи дур ҳамкориҳои судманди илмиро ба роҳ мондааст:

– Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ;
– Озмоишгоҳи марказии илмӣ-таҳқиқотии ДДТТ ба номи А.Сино;
– Институти зоология и паразитология ба номи Павловский;
– Институти тибби Авитсенна ва фармакология;
– Институти техникии физикаю-химияи синзяни АИ ҶХХ;
– Донишгоҳи Сорбон (Фаронса);
– Институти Ратгерс (ИМА);
– Институти химияи моддаҳои гиёҳии ба номи С.Ю.Юнусови АИ
Ҷумҳурии Узбекистон
– Институти байналхалқии энергияи офтобӣ ( Узбекистон)
– Институти физикаю-техникаи Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии
“Физикаи офтоб”АИ Ҷумҳурии Узбекистон;

 

– Маркази илми-истеҳсолии дастгоҳҳои бисёркораи бесарнишини
Академияи миллии илмҳои Белорус;
– КВҶ илмӣ- муҳандисии “ Системаҳои геоинформатсионӣ”(Белорус);
– Институти иттиҳодии мошинсозии Академияи миллии илмҳои Белорус;
– Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи миллии
илмҳои Белорус;
– Институти иттиҳодии масъалаҳои информатикаи Академияи миллии
илмҳои Белорус;
– Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Белорус;
– Институти энергетикаи Академияи миллии илмҳои Белорус